В ХАТЛОНСКОЙ ОБЛАСТИ ЗАВЕРШИЛОСЬ ПЕРВЕНСТВО ТАДЖИКИСТАНА СРЕДИ ДЕВУШЕК ДО 13 ЛЕТ (ЛИГА U-13), В ХАТЛОНСКОЙ ОБЛАСТИ ЗАВЕРШИЛОСЬ ПЕРВЕНСТВО ТАДЖИКИСТАНА СРЕДИ ДЕВУШЕК ДО 13 ЛЕТ (ЛИГА U-13), ЖЕНСКАЯ ФУТБОЛЬНАЯ ЛИГА ТАДЖИКИСТАНА. Официальный сайт

Новость

05.09.2022

В ХАТЛОНСКОЙ ОБЛАСТИ ЗАВЕРШИЛОСЬ ПЕРВЕНСТВО ТАДЖИКИСТАНА СРЕДИ ДЕВУШЕК ДО 13 ЛЕТ (ЛИГА U-13)

05.09.2022

В ХАТЛОНСКОЙ ОБЛАСТИ ЗАВЕРШИЛОСЬ ПЕРВЕНСТВО ТАДЖИКИСТАНА СРЕДИ ДЕВУШЕК ДО 13 ЛЕТ (ЛИГА U-13)

БАРАНДАИ ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН МИЁНИ ДУХТАРОНИ ТО 13-СОЛА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН  МАЪЛУМ ГАРДИД

Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маросими ҷоизасупории Чемпионати Тоҷикистон миёни духтарони 13-сола (U-13) дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар маросими ҷоисасупорӣ муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Қ. Хуршед, собиқадорони футбол ва дигарон  иштирок доштанд.

Барои ба даст овардани мақоми сеюм дастаи "Зарнисор"-и ноҳияи Вахш бо дастаи  "Зебо"-и ноҳияи Дӯстӣ рақобат намуд, ки бозингарони дастаи "Зарнисор" бо ҳисоби  3:0 ғалаба карданд.

Барои мақоми аввали чемпионат дастаҳои "Бешкент"-и ноҳияи Носири Хусрав ва -"Панҷшер"-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳам андари майдони рақобат шуданд. Дар натиҷа, дастаи "Бешкент" бо ҳисоби калони 0:4 шикаст хӯрд.

Дастаи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар рафти чемпионат маҳорати баланд нишон дод, дар натиҷа, дар мавқеи аввали ҷадвали мусобиқа қарор гирифта, соҳиби медалли тилло ва Ҷоми чемпионат гардид. Зинаҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои  "Бешкент"-и ноҳияи Носири Хусрав ва "Зарнисор"-и ноҳияи Вахш ишғол намуданд.

Бо ҳамин дастаҳои ғолиби чемпионат бо Ҷом, медал ва Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд. Ҳамчунин, баъд аз анҷоми мусобиқа ба бозингарони беҳтарин туҳфаҳо супорида шуд. 
 Дарвозабони бехтарин - Шохбонуи Холмахмад аз дастаи «Зебо»-и н. Дусти.
Химоятгари бехтарин - Нозияи Абдулвохид аз дастаи и «Бешкент»-и  н Н. Хусрав                                                                                                                  Хамлагари бехтарин - Чураева Шохиди аз дастаи  «Вахши Зарнисор»-и н.Вахш    Бозингари бехтарин -  Чурамуродова Ширина аз дастаи «Панчшер»-и  н. Ч.Балхи.
Мавриди зикр аст, ки дар мавсими имсола дар минтақаи Бохтар 7 даста иштирок намуда, миёни ҳам дар як гурӯҳ рақобат намуданд. Инҳо дастаҳои “ГУСШ-1” (Бохтар), “Панҷшер” (Ҷ. Балхӣ), “Бешкент” (Н. Хусрав), “Зебо”  (Ҷайҳун), “Зарнисор”  (Вахш), “Пахтакор” – (Қубодиён), “Чашма”  (Шаҳритус) буданд.